EURO Exchange Rates 20.10.2017

USD
1
USD
1,182 -0,002
PLN
1
PLN
4,236 -0,003
RUB
1
RUB
67,868 -0,311
TRY
1
TRY
4,329 -0,003
CNY
1
CNY
7,822 -0,009

“The Tajik Golden Heritage” book

Tajikistan, feel the friendship

Tajikistan Nature

Tajikistan: Statement 2009 UN Climate Change Summit

Tajikistan

Aluminum Monthly Price - USD / MT

????????????? ???????????? ????? ???????? - ???????

Press release

Дўстони арҷманд!
Хонандагон ва истифодабарандагони сомонаи интернетии мо!
Бародарони гиромӣ!

Бароямон хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи Шумо, хонандагон ва истифодабарандагони мўҳтарами сомонаи интеренетии мо, хабарҳои наву пурмўҳтаворо оид ба рушду густариши робитаҳои дўстиву бародарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ?Иттифоқи дўстии Финляндия-Тоҷикистон? дастрас намоям.
Бо изҳори қаноатмандӣ метавон зикр кард, ки имрўз муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Финляндия рў ба густариши бемайлон ниҳода, доираи ҳамкориҳоямон марҳала ба марҳала ҷанбаҳои нав ба нави барои ҳар ду ҷониб судбахшро фаро мегирад.
Дар марҳалаи кунунӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо мамолики Аврупо ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятнок муқаррар карда шудааст.
Имрўз муносибатҳои дўстона ва ҳамшарикии васеи Тоҷикистону Финляндия дар сатҳи баланди ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва эътимоду пуштибонии тарафайн дар арсаи байналмилалӣ қарор дорад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони сатҳи баланду ҷараёни судовари инкишофи муносиботи ҳасана бо Ҷумҳурии Финляндия мебошад ва омода аст, ки баҳри тараққиёту таҳкими онҳо минбаъд низ саъю ҳам кўшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.
Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мамолики Аврупо ҳаёт ба сар бурда истодаем, хоҳони онем, ки ҷиҳати боз ҳам рушду тавсеа бахшидани иқтисодиёти Ватани азизамон аз дастоварду пешрафтҳои навини ин минтақаи дунё то андозае баҳра бурда, барои гулгулшукуфии Ватанамон корҳои фоиданокеро ба анҷом расонем.
Яке аз ин чунин ғояҳои арзишманди давлатҳои минтақаи Скандинавия он мебошад, ки барои дастгирии истеҳсолоти миллӣ ва фарқияти он аз дигар молҳои хориҷа, бо аломатҳои гуногун ва ибораҳои оростаи миллӣ дастгирӣ намудани маҳсулоти истеҳсолшавандаи барои ниёзи мардум пешниҳодшуда мебошад, ки ин раванд ҳам ба истеҳсолкунанда ва ин чунин ба истеъмолкунанда рўҳу равонӣ маънавии хело назаррас мерасонад.
Мо, Tоҷикони бурунмарзӣ, аз он фахр мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо аз меваю сабзавоти хушсифат, болаззат ва беҳтарини Осиё бой аст. Ва ҳамзамон рушди рўзафзуни соҳаи саноати сабуки кишварамон низ боиси рўҳбаландӣ ва шодмонии ҳар яки мост.
Дар ин замина пуштибонии соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз қабили саноат ва кишоварзӣ, барои рушду нумўи тамоми иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири ниҳоят арзишманд дорад ва дар ин радиф истифода аз аломату ибораҳои миллӣ барои муаррифии маҳсулоти ватанӣ баҳри бедории тафаккуру эҳсоси солими миллӣ як омили мусбат шуда метавонад.
Дар фарҷоми ин муроҷиатномаи худ, намунаҳои аз расмҳоеро меоварам, ки дар онҳо рамзҳо ва ибораҳои миллӣ дарҷ ёфта, бо истифода аз онҳо маҳсулоти хўрокворӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Финландия ба маърази намоиш гузошта мешавад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки истифодаи ин таҷрибаи ҷолибу пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ ва ба таври васеъ роиҷ намудани ин қабил рамзҳо ва ибораҳо дар муаррифии маҳсулоти ватанӣ барои тараққии босуръати иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад дошт.
Дўстони азизу гиромӣ,
Ба ҳамаи шумо, хонандагон ва истифодабарандагони сомонаи интернетии мо ва алоқамандони ин шабакаи иттилоотии ҷаҳонӣ, сиҳатмандии комил, умри дарози бобаракат, дастовардҳои нав ба нав, хотири ҷамъ, саодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандeм.
Комёбу сарбаланд бошед!
Роҳбари "Иттифоқи дўстии Финляндия-Тоҷикистон"
Музаффар Худойқулов

 

RUOKAA OMASTA MAASTA / FOOD FROM YOUR OWN COUNTRY

PUHTAASTI KOTIMAINEN / PURELY DOMESTIC